НИЁЗ БА КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ МЕВА

Октябрь 21, 2010 16:26

Душанбе,  21  октябр.  (АМИТ   «Ховар», Зебо Давлатова). -Зимни нишасти матбуотӣ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ   Сироҷиддин Валиев оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи   кормандони соҳа    гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  то имрӯз 63139 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1363 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамин давра 8177 тоннаро ташкил медиҳад.Аз ҷумла, сабзавот 4191 тонна, пиёз 4030 тонна,  картошка 1987 тонна,  меваи тару тоза 275 тонна, зироати полезӣ 537 тонна,   ғалладона 1182 тонна.    Дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 848 нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд. Таъмиру барқарорсозии иншооти соҳа 5,9 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми  нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар деҳаи Булёни Болои ноҳияи Данғара фурӯшгоҳи наву замонавӣ, дар ноҳияи Мӯъминобод   мағозаи дуошёна, бозори марказии дорои 160 ҷойи нишаст  ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи шаҳри  Хорӯғ, барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб  4 адад хонаи хушсохти наву замонавӣ  ва як адад мағозаи хуштарҳ дар ноҳияи Ванҷ  сохта ба истифода дода шуданд. Сироҷиддин Валиев ба суоли рӯзноманигор оид ба коркарди меваю сабзавот  посух дода  гуфт, ки  имрӯзҳо меваю сабзавот дар минтақаҳои кӯҳистон беҳуда  талаф ёфта  истодаанд. Бо мақсади баръабас нарафтани меҳнати деҳконон чанд  сол пеш мо дар ноҳияи Рашт корхонаи хурди шарбатбарорӣ ташкил намудем.Аммо афсӯс ,ки аз сабаби набудани  барқи доимӣ дар ин минтақа фаъолияти корхона қатъ гардид. Гоҳ барқ мешаваду мева нест, гохе  баръакс,  мева хасту барқ нест. Аз ҷониби раёсати «Тоҷикматлубот» ба наздикӣ се адад коргоҳи мевахушккунӣ ва се адад  дастгоҳи бастабандӣ  аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ  ворид мегардад. Тавре Валиев зикр намуд, онҳо ният доранд, ки ин     дастгоҳҳоро дар ноҳияҳои тобеи марказу минтақаи Кӯлоб ва минтақаи Раштонзамин   ба истифодаи шаҳрвандон диҳанд.

Октябрь 21, 2010 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард