НОҲИЯИ АШТ-ПЕШСАФИ МУСОБИҚА

Октябрь 22, 2010 12:57

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд  ҷамъбасти  даври дуюми мусобиқаи маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев то имрӯз пахтакорони ноҳияи Айнӣ ва шаҳрҳои Конибодому  Истаравшан нақшаи истеҳсоли пахтаро  барзиёд иҷро кардаанд. Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби  деҳқонони ноҳияи Ашт дониста шуд. Онҳо дар давоми  20  рӯз 2740 тонна  ё ба андозаи 43,1 фоизи нақша  ҳосил тайёр кардаанд. Ҷои дуюмро пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  сазовор шуданд, ки дар ин давра 6 ҳазору 636 тонна  ё ба қадри 41,5 фоизи нақша  пахта ҷамъоварӣ намуданд. Байни хоҷагиҳо кишоварзони Ассотсиатсияи  деҳқонии Домулло Азизови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 857 тонна  ё ба қадри 61,2 фоизи нақша пахта ҷамъоварӣ намуда, ғолиби мусобиқа дониста шуд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ғолибон  дар вазъияти тантанавӣ  вимпелҳои сайёр  ва мукофотҳои пулиро  ба маблағи 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ супорид. Қоҳир Расулзода бори дигар  раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқониро вазифадор намуд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан нархи чиниши пахтаро 60 дирам муайян намоянд.  

Октябрь 22, 2010 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад