НОЗИРОНИ ТОҶИК БА БОКУ МЕРАВАНД
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Озарбойҷонро, ки 7 ноябяри соли 2010 баргузор мешавад, назора менамоянд. Намояндагони Тоҷикистон аз сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Раҷабмурод Ашӯров ва муовини раиси Кумитаи аграрӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Талбак Салимов иборат буда, онҳо дар ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Озарбойҷонро мушоҳида мекунанд. Парлумони Озарбойҷон –Миллӣ Маҷлис аз як палата иборат буда, дар он 125 вакил ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






