НОЗИРОТИ АНДОЗ –ТӮҲФАИ ҶАШНӢ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Субҳи 14 октябр дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бинои нави дуошёнаи Нозироти андоз ба истифода дода шуд.Бинои мазкур дар доираи иншооти ҷашнии ба шарафи 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда бунёд гардид. Дар бунёди иншооти мазкур беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.Корҳои асосии сохтмонию насби таҷҳизотро бинокорони ҶДММ «Хизмат» ба анҷом расониданд. Бояд гуфт, ки бинои нави Нозироти андози ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ин барои кори самарабахши нозирон мусоидат менамояд. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов двр расми ифтитоҳи ин бино иштирок намуда, ба сохтмончиёни он тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ёдовар мешавем, ки бинои Нозироти андози ноҳия пурра бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






