ОЛМОНИҲО ВА ТАБИАТИ ДИЛРАБОИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 11, 2010 13:25

Душанбе, 11  октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Чанде қабл яке аз нашриёти намоёни аврупоӣ дастури сайёҳиро таҳти унвони «Tadschikistan: zvichen Dushanbe und dem Dash der Welt» («Тоҷикистон: Аз Душанбе то  Боми ҷаҳон»),  бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха бо забони олмонӣ аз чоп баровард. Китоб аз ҷониби рўзноманигор ва сайёҳи маъруф Сония Билл таҳия шудааст, ки дар он аз боздидҳои зиёд ва шиносоияш бо табиати дилрабои Тоҷикистон нақл мекунад. Китоб, ки аз 276 саҳифа иборат аст, аз баррасии ҷуғрофияи манотиқи гуногуни кишварамон, қариб 20 харита ва нақшаи шаҳрҳо, зиёда аз 130 сурат ва очерку мақолаҳои муаллиф мураттаб гардидааст, ки барои эҳтиёҷи сайёҳони олмонизабон таҳия шудааст. Муаллиф дар муқаддимаи китоби хеш Тоҷикистонро «кишвари дорои баландтарин кўҳҳо, ғанитарин захираҳои обӣ, дарозтарин пиряхҳо,  либосҳои гуногунранги занона» тавсиф намуда, афзудааст, ки «ошноӣ бо табиати Тоҷикистон душвориҳои худро дорад, аммо наҳаросед, зеро тоҷикон ҳамеша ба мадади шумо шитоб хоҳанд намуд». Дар ин бора аз Департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 11, 2010 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад