ПАХТА 201 ҲАЗОР ТОННА ШУД

Октябрь 6, 2010 08:55

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ аз аввали мавсими пахтачинӣ дар ҷумҳурӣ 201 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ  шудааст, ки он ба 67 фоизи нақшаи солонаи ҷамъоварии пахта баробар аст. Ҷамъоварии пахта то рафт босуръат пеш меравад.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар як рӯз бо кӯмаки чинакчиёни саҳмдор ва ёрдамчиён беш аз 7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин аст,ки тавассути заҳмати ҳаррӯзаи чинакчиён беш аз 2 фоиз пахта чида шуда, ба хирмани «Ҳосил — 2010» зам  мешавад.    Боис ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахта ба миқдори 300 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.    Агар пахтачинӣ бо чунин суръат пеш равад, барои иҷрои нақша 16 рӯзи зарбдор басанда аст.

Октябрь 6, 2010 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад