ПАРЧАМИ РАМЗИИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

Октябрь 12, 2010 15:10

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 3 то 9 октябри соли равон дар шаҳри Париж Симпозиуми чоруми байналмилалии «Мактабҳои олии фарҳанг ва санъат дар фазои таълимӣ: гуногуншаклии фарҳанги ҷаҳонӣ баҳри гуфтугӯ ва рушд» баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фароғат Азизӣ ва сардори шӯъбаи илм ва муасиссаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов иштирок намуданд. Дар кори Симпозиум муовини Вазири фарҳанг Фароғат Азизӣ бо маърӯзаи «Моҳияти методикаи анъанавии таҳсилоти бадеӣ дар мактабҳои  олии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон» баромад намуда, ҳамчунин, номаи шодбошии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух  Асрориро ба иштирокчиёни симпозиум қироат намуд. Тибқи Қарори Кумитаи тадорукот, Симпозиуми панҷуми байналмилалии мактабҳои олии фарҳанг ва санъат соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.  Парчами рамзии мактабҳои олии фарҳанг ва санъат ва эътимоднома ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини Вазири фарҳанг Фароғат  Азизӣ супорида шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Октябрь 12, 2010 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад