ПИЁДА СОХТАНИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГӢ

Октябрь 25, 2010 10:20

   Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ чун соли маориф ва фарҳанги техникӣ барои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон соли махсус маҳсуб ёфта, фаъолияти таълимӣ,  илмӣ ва тарбиявӣ баҳри пиёда сохтани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасе  роҳандозӣ карда шудааст,-гуфт ректори Донишкада Аслиддин Низомов зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.    Ба гуфти А. Низомов, таи 9 моҳи соли ҷорӣ баргузории конфронси илмӣ — амалӣ бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ, гузаронидани «Рӯзҳои дарҳои кушод», ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли 2009 – 2010, таҷлили озмунҳои «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд», «Донишҷӯи беҳтарини сол», «Пианинонавози беҳтарин», «Синфхонаи беҳтарин», «Навои дил», «Сози хушу овозихуш» аз чорабиниҳои беҳтарини Донишкада дар 9 моҳи солҷорӣ маҳсуб мёбанд.    Дар соли ҷорӣ даҳҳо вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ доир карда шудааст, ки ҳамаи ин дар пешрафти таълиму тарбияи донишҷӯён бетаъсир нахоҳад монд.    Дар Донишкада сол то сол сафи донишҷӯёни боистеъдод рӯй ба афзоиш дорад. Соли ҷорӣ намояндаи истеъдодҳои ҷавон Шерзод Латипов дар яке аз Симпозиумҳои байналмилалии ҳайкалсозон дар шаҳри Маскав миёни намояндагони 10 давлат сазовори Дипломи Симпозиум гардидааст.

Октябрь 25, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад