ПУРРАСОЗИИ НОРАСОИИ МУТАХАССИСОНИ ФУРУДГОҲ

Октябрь 25, 2010 16:36

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Сиёсати кадрӣ  дар КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи мақсадҳо ва стратегияҳои корхона сурат гирифта, ба беҳсозии шароити меҳнат, инчунин,  ҳавасмандии моддӣ нигаронида шудааст. Вазифаи мо дар масъалаи кадрҳо аз нигоҳи ташкилӣ аз он иборат аст, ки  кормандон тибқи мақсад, стратегия ва дурнамои корхона тайёру интихоб  гарданд, такмили ихтисос кунанд ва муваффақияту рушди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳисоби технологияҳои нав  ва ҳосилнокии меҳнат таъмин гардад,  чунин иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ  муовини директори КВД «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» Азиз Иброҳимов.  Ӯ қайд кард , ки дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ масъалаи бо кор таъмин намудани кормандони аз кор маҳрумшуда бо  ҷиддияти  тамом дар миён меистад. Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо мақсади пуррасозии  теъдоди норасоии  мутахассисони баландихтисос тамоми тадбирҳоро андешида, ҳамчунин,  барои ашхоси дорои чунин ихтисосҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил намуд. Дар ин давра,  ҳамчунин,   санҷиши дониши  кормандони фурудгоҳ гузаронида шуд. Роҳбарияти фурудгоҳ ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ эътибори доимӣ медиҳад. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Халқии Чин як қатор таҷҳизоти авиатсионӣ ва техникаи хизматрасон (автобусҳо, зинаҳо, автокараҳо, транспортёрҳо, механизмҳои боркаш ва ғайра) харида шуданд, ки рўзҳои наздик ба фурудгоҳ дастрас карда мешаванд, зикр намуд  А.Иброҳимов.

Октябрь 25, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад