РӮ БА РУШДИ БОНИЗОМИ МАОРИФ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти ҷашнӣ ҷараён дорад.Роҳбарони ноҳия мақсад доранд то ҷашни Истиқлолият 10 мактаби нав сохта ба истифода диҳанд. Айни замон дар ноҳия сохтмони 4 мактаб бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 3 мактаби дигар бо маблағи соҳибкорони ноҳия ва ба тариқи ҳашар ҷараён дорад.Ғайр аз ин дар чанд мактаби дигар синфхонаҳои иловагӣ бунёд меёбанд. Дар ноҳия то ин муддат сохтмони чанд мактаб ба анҷом расидааст.Масалан мактаби рақами 8, 41 ва 76. Қобили зикр аст, ки мактаби рақами 76 бо кӯмак ва маблағи хоҷагии деҳқонии «Мӯсо» сохта ба истифода дода шудааст. Рӯ ба маориф овардани роҳбарони ноҳияи Вахш аз рушди бонизоми соҳа ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия башорат мдиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






