РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Саидмукаррам Абдулқодиров 12 октябр дар маҷлиси муассисони Маркази исломии Тоҷикистон, ки бо иштироки имомхатибони масҷидҳои марказии шаҳру навоҳии кишвар дар Душанбе баргузор шуд раиси Маркази исломии Тоҷикистон интихоб гардид. Саидмукаррам Абдулқодиров 47 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи Исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмиллалии Исломободи Покистон аст. Қаблан С. Абдулқодиров дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Тавре аз Маркази исломии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иитилоъ доданд, Саидмукаррам Абдулқодиров баъди даргузашти Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода ба ҳайси Раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






