РАИСИ ШАҲР БА «МӮҲРАБИЗНЕС» РОҲ НАМЕДИҲАД

Октябрь 25, 2010 12:15

     Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 63 нафар шаҳрвандонро, ки бо арзу шикоят ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд,  ба ҳузур пазируфт. Дар байни онҳо 15 нафар аз номи 71 нафар муштариён — саҳмгузорони сохтмони манзилҳои истиқоматии ҶДММ «Мовароуннаҳр» буданд, ки бо аризаи дастаҷамъона барои ҳалли мушкилоташон ба Раиси шаҳр муроҷиат карданд. Ин шахсон бо гузашти мӯҳлати шартномавӣ  хонаҳояшонро соҳиб нашудаанд, Дар робита бо назардошти иҷтимоият ва ба  баҳси судӣ  вобаста будани масъалаи мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аризаи дастҷамъона  ба баррасии прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни пажӯҳиши масъала зери назорати шахсии Раиси шаҳр қарор гирифта, ба такрор шудани  ҳолате ба минволи  «мӯҳрабизнес» дар миқёси пойтахт роҳ дода намешавад.               Тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, баргузор шуд.       Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро асосан масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои тиббию молиявӣ  ташкил медод, ки вобаста ба салоҳияти шаҳрдорӣ нисбат ба ҳар кадомашон тадбир андешида шуд.

Октябрь 25, 2010 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад