РАВАНДИ ТАҶДИДИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Октябрь 25, 2010 10:37

Кӯлоб, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар заминаи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҳамаи ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони боғу ток васеъ ва боғҳои кӯҳна аз нав барқарор карда мешаванд. Дар ноҳияи Кӯлоб соли чорӣ дар майдони беш аз 250 гектар боғи нав бунёд гардид, ки дар онҳо ниҳолҳои содиротӣ шинонида мешаванд. Ба ин раванд таҷдиди хоҷагиҳои ҷамоъавӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ низ таъсири мусбат расонид. Хоҷагии деҳқонии "Шарифҷон" дар ҷамоъати деҳоти "Даҳана" аз оғози соли 2010 ташкил шуда, дорои 2,4 гектар замин мебошад. Дар ин замин бо тавсияи мутахассисони соҳа хоҷагидорон боғ бунёд намуда, ниҳолҳоро аз рӯи қоида шинониданд.  То имрӯз 99 фоизи ниҳолҳо сабзида нашъунамои хуб доранд. Истифодаи самараноки замин имкон фароҳам овард, ки техникаи зарурӣ харида шуда, ба боғдорон сабукӣ пеш орад. Ба гуфти боғдорон коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои асосии нашъунамои ниҳолҳо мебошад.            Рохбарияти хочагӣ мақсад доранд, ки соли 2011 хоҷагиро боз бо якчанд техникаи муосири кишоварзӣ таъмин намуда, дар паҳлӯи боғ як корхонаи хурди коркарди меваю сабзавотро сохта ба истифода диҳад, ки минбаъд маҳсулоти хоҷагӣ дар он коркард шуда, ба бозорҳо бароварда шавад.

Октябрь 25, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад