РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ТАҲКИМ МЕЁБАНД
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва роҳбари ҳайати парлумонии Эрон Ҳусейн Ҳошимиён буд, ки 19 октябр дар Душанбе баргузор шуд. Ш. Зуҳуров тавсеаи ҳасанаи ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар бахшҳои гуногун ифодагари иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистону Эрон ҳамчун кишварҳои дорои муштаракоти забониву фарҳангӣ дар замони муосир дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар канори ҳам буда, дифоъ аз манфиатҳои ҳамдигар менамоянд. Роҳбари ҳайати парлумонии Эрон Ҳ. Хошимиён афзуд, ки кишвараш ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад. Вай таъкид кард, ки Эрон дар ҳама лаҳзаҳо дар канори Тоҷикистон аст ва ба ин кишвар кӯмак хоҳад расонд. Ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд. Раиси Комиссияи амнияти миллии парлумони Эрон дар анҷоми мулоқот аз номи Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз Шукурҷон Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Эрон сафар намояд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






