РОССИЯ ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОНРО МЕОМӮЗАД
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Федератсияи Россия мехоҳад таҷрибаи матлуботи Тоҷикистонро омӯзад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ, 20 октябр раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев. Ӯ афзуд, ки мутахассисони соҳаи матлуботи Россия борҳо аз мо талаб карданд, ки қонунгузории соҳа ва муносиботи «Тоҷикматлубот» бо мақомоти маҳаллиро ба онҳо омӯзонем, зеро фаъолияти «Тоҷикматлубот» дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намунавӣ аст. Мавриди зикр аст, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ба буҷаи ҷумҳурӣ 15,9 миллион сомонӣ ворид намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми умумии чаканаи мол ба 89,7 миллион сомонӣ баробар шуда, 13,5 миллион сомонӣ фоида ба даст омадааст, ки назар ба нӯҳмоҳаи соли 2010-ум 1,9 миллион сомонӣ афзудааст. С. Валиев коркард ва содироти меваю сабзавотро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа арзёбӣ карда, иттилоъ дод, ки моҳҳои оянда се коргоҳи коркарди меваю сабзавот ва се коргоҳи бастабандӣ кардани меваи хушк ба ҷумҳури ворид шуда, ба кор оғоз мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нақшавӣ ва беталаф коркард кардани маҳсулот мусоидат мекунанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






