РУСҲО БА ТОҶИКОН БАЛЕТ ОМӮЗОНДАНД

Октябрь 9, 2010 11:42

   Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 8 октябр иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳунармандони театри «Балети Кремлевский» дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова дарси маҳорати балет гузарониданд.    Ҳунармандони балети рус бо роҳбарии ҳунарманди халқии Федератсияи Русия Андрей Петров нозукиҳои ин касби олиро ба донишҷӯёни шӯъбаи балети Коллеҷи ҷумҳурии хореографӣ нишон дода, маслиҳатҳои муфид доданд.  Бояд ёдрас шуд, ки дар барномаи ҳунарии театри мазкур спекталклҳои ба саҳнагузоштаи устодони опера — М. Петипа, А. Горского, Л. Иванова, ҳамчунин балети хореографии муосир Ю. Григорович, В. Васильева, А. Петрова дохил мешаванд.    Хотиррасон мекунем, ки спектаклҳои «Балети Кремлёвский» аз тарафи мунаққидони худӣ ва хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд. Ҳунармандони театр бо намоишҳои худ бомуваффақият ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарӣ менамоянд. Дар 20 соли мавҷудияти худ театр 64 сафарҳои ҳунарӣ намуда, дар 28 мамлакатҳои дунё намоишномаҳои ҷолиби худро гузоштаанд.     Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд. 

Октябрь 9, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад