РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРӢ

Октябрь 11, 2010 15:37

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Вазорати маориф дар нӯҳ моҳи соли 2010 фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кории Вазорати маориф вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гаштани соли 2010 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба анҷом расонид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов. Вазорати маориф дар нӯҳ моҳи соли равон 19 номгӯй китобҳои дарсиро бо теъдоди 1022980 нусха ба маблағи 5069335, 20 сомонӣ нашр намуд. Дар хамин давра ба шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисахои таълимии алоҳида 1450753 нусха китобҳои дарсӣ ба маблағи 8270941, 52 сомонӣ дастрас гардид. Ҳамчунин, аввалин маротиба барои муассисаҳои таълимӣ харитаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Харитаҳои сиёсии ҷаҳон», «Харитаи табиии ҷаҳон» бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 10200 нусха ба маблағи 805448 сомонӣ нашр гардид, қайд намуд ӯ. Дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои идома ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ба Вазорати маориф ба андозаи 20 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Дар номгӯи иншооти сохташавандаи соли ҷорӣ бошад сохтмони 40 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар ҳамаи иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аз рӯи нақшаи пешакӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва марҳилаи дуюми гранти Фонди каталитикӣ  ба истифода додани 24 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин дар нӯҳ моҳи сипаригашта сохтмони 13 мактаб барои 2624 ҷойи нишаст ва сохтмони 5 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд, афзуд вазири маориф. Дар ин муддат аз ҳисоби 5 Лоиҳаи инвеститсионии соҳаи маориф 12,1 млн.доллари амрикоӣ барои иҷрои  корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидани  таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд. Иҷрои нақшаи мазкур ба андозаи 76 фоиз таъмин гардид, ки ба 9,2 млн. доллари амрикоӣ баробар мебошад, қайд гардид дар охири нишаст.            

Октябрь 11, 2010 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон