САФАРИ ҲУНАРИИ ТЕАТР БАЪДИ СӢ СОЛ

Октябрь 20, 2010 14:43

Душанбе 20 октябр (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Моҳи сентябр бори аввал баъди сӣ сол сафари ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар вилояти Суғд бомуваффақият баргузор гардид»-гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-Мирзошоҳрух Асрорӣ ба хабарнигорони ВАО. Ӯ, ҳамчунин, қайд намуд, ки тайи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ фаъолияти театрҳои ҷумҳурӣ дар ин давра рӯ ба беҳбудӣ оварда, намоишномаҳои таҳиянамудаи онҳо  на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он  низ соҳиби ҷоизаву мукофот гардиданд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов бо спектакли «Рӯзи дарозтар аз қарн»-и Ч. Айтматов дар Ҷашнвораи байналмилалии Фаҷр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси меҳмон ва дар Фестивали байналмилалии «Гули сурх» дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз иштирок намуд.   Ҳунармандони театри давлатии Ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бори аввал дар Фестивали байналмилалии «Золотой лев-2010» («Шери тиллоӣ») дар Украина ширкат варзида, бо сарбаландӣ ва диплому ҷоизаи  «Шери тиллоӣ» баргаштанд.

Октябрь 20, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад