САФАРИ Э.РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

Октябрь 25, 2010 08:46

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафт. Дар фурўдгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух ҳамралиев, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов,Раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Директори Агентии стандартизасия,метрология,сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлаталӣ Ҳотамов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Октябрь 25, 2010 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад