САХОИ СОҲИБКОРОН

Октябрь 11, 2010 16:48

Суғд, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»,Самад Юсуфӣ).-Бародорони соҳибкор- сокинони деҳаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ Шавкат ва Шӯҳрат Ҷумъаевҳо барои  обод намудани роҳи асосӣ  ва маркази ҷамоати деҳот иқдом намуданд. Масофаи ин роҳ 7 километр  ва бараш аз 8 то 10 метр буда, то имрӯз шағалпӯш намудани  қабати болоии роҳ дар масофаи 7 километр   пурра анҷом ёфтааст.  То ин дам ба роҳи мазкур  1300 мошин шағол кашонида шуда, тахту ҳамвор карда шудааст. Барои асфалтпӯш кардани ин қисмати роҳ  соҳибкорон 50 тонна асфалту битум харидаанд.   Инчунин, Шавкатҷон Ҷумъаев соли ҷорӣ  барои 58 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳа ба маблағи 2000 сомонӣ китобҳои дарсии иҷоравӣ харид намуд. Бародараш Фаридун Ҷумъаев бошад, ба хонандагон  як адад сканер ва маҷмӯи лавозимоти хониш тӯҳфа намуд. Дар худи ҳамин деҳа бо маблағгузории соҳибкор Фурқат Шарипов мактаби нави замонавӣ иборат аз 7 синфхона, як синфи компютерӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, толори варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.  

Октябрь 11, 2010 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад