САМАРАИ ҲАМКОРИҲО
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди Пажӯҳишгоҳ бо Маркази умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ (Тайван) се навъи қаламфури тез бо номҳои шартии «Серҳосил», «Ханҷар», «Зулфи сурх» бо роҳи селексия ба вуҷуд оварда шуд. Олимони Пажӯҳишгоҳ помидори навъи «Акбаралӣ»-ро дар шароити гармхона барои санҷиши давлатӣ пешниҳод намуданд. Навъҳои пиёзи анзури «Дилкушо» ва «Суғдиён», пиёзи «Ҳисорӣ», 4 навъи картошка бо номҳои шартии «Нилуфар», «Шукрона», «Овчӣ» ва «Каримӣ» низ ба комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ пешниҳод гардида, санҷиши васеи навъҳои нави сабзии «Тиллоранг» дар заминҳои озмоишии Пажӯҳишгоҳ идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






