САНҶИШИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТ

Октябрь 12, 2010 15:09

Мӯъминобод, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилии  ноҳияи Мӯъминобод тӯли 9 моҳи соли равон дар  якҷоягӣ  бо раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ, ошкор ва мусодира намудани яроқу аслиҳаҳои оташфишон ва лавозимоти ҳарбӣ оид ба баланд бардоштани интизоми хизматӣ як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Аз ҷониби кормандони ин раёсат тӯли 9 моҳи соли равон 1939  ронандагони қонуншикан  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  100 акти қонуншиканӣ зиёд аст.Ба гуфтаи ин манбаъ кормандони раёсат дар 9 моҳи соли ҷорӣ тавонистанд, ки 804 адад нақлиёти гуногунтамғаро аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ гузаронанд.

Октябрь 12, 2010 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад