Ш.ЗУҲУРОВ АЗ МАНОФЕИ ОБИЮ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ПУШТИБОНӢ КАРД
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани захираи бузурги обу энергетикии зарфияти истеҳсоли то 500 миллиард киловатт соат нерӯи барқро дар як сол дорад», иброз дошт зимни баромади худ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ, ки 18 октябр дар Душанбе оғоз гардид. Аммо, афзуд, Ш. Зуҳуров бо таваҷҷӯҳ ба он, ки кишвари мо дорои теъдоди хеле ками нерӯгоҳҳои барқи обӣ аст, имкони истеҳсоли ин мизони нерӯи барқро надорад. Ҳоло дар Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 30 миллиард киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад, ки ин барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ басанда нест. Шукурҷон Зуҳуров сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обиро дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин омилҳои раҳоии кишвар аз камбуди барқ унвон карда гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои ҷиддиву устувор бардоштааст. Ин омил метавонад Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ва давлатҳои дигари хориҷиро аз мушкилии барқ раҳонад. Ҳамзамон, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат ба масъалаи таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ байни Русия, Қазоқистон ва Белорус дахл карда, онро иқдоми наҷиби кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС арзёбӣ кард. Ш. Зуҳуров афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ менамояд. Алҳол комиссияи давлатии Тоҷикистон оиди омӯзиши фаъолиятҳои ин кишварҳо дар доираи Иттиҳоди мазкур ва шомил шудани он ба Иттиҳоди гумрукӣ ташкил шудааст, зикр кард, Ш. Зуҳуров.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






