ШАХСИЯТИ ҶИНОЯТКОРОН ҲАНӮЗ МУАЙЯН НЕСТ
Душанбе, 8 октябр. ( АМИТ «Ховар», Адибаи Азиз).- Зӯҳри рӯзи гузашта ва субҳи имрӯз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз сокинони маҳаллӣ даъват ба амал оварданд, ки ба сардхонаи бемористони марказии ноҳияи Рашт омада, барои муайян намудани шахсияти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, иборат аз 7 нафар кӯмак намоянд,- иброз кард сухангӯи маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Вале сокинони маҳаллӣ аз байни ҷинояткорон касеро нашинохтанд,-илова намуд манбаъ. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гурӯҳи ҷиноии мазкур безарар гардонида шуд.