6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии омор соати 08:00 доир мегардад.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ соати 09:00 (бинои нави вазорат, хиёбони Рӯдакӣ, 78) баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 (кӯчаи Бохтар, 37 бинои собиқ Вазорати рушди иқтисод ва савдо) баргузор карда мешавад.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ соати 08:00 баргузор мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






