«ШЕРИ ТИЛЛОӢ»-И ТЕАТРИ ҶАВОНОН

Октябрь 18, 2010 14:10

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Ҳунармандони театри давлатии Ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бори аввал дар Фестивали байналмилалии «Золотой лев-2010» («Шери тиллоӣ») дар Украина ширкат варзида, бо сарбаландӣ ва диплому ҷоизаи  шери тиллоӣ баргаштанд. Ҳайати ҳунармандони театр, ки иборат аз 12 нафар буданд, намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Нур Табаровро дар таҳияи Мирзоватан Миров пешкаши тамошобинони Украина гардониданд. Ҳамчунин, пас аз анҷоми фестивал аз номи Директори фестивали байналмилалии «Золотой лев» Ярослав Федарошин ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи миннатдорӣ расид, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ба Шумо барои дастгириатон ба ҳайати ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, ки дар ин фестивал ширкат варзиданд, изҳори миннатдорӣ мекунам. Намоишномаи аз ҷониби ин гурӯҳ пешниҳодшуда аз тарафи тамошобинон хеле гарм истиқбол шуд. Аз ҷумла, сару либоси саҳнавӣ, нақшофарии касбии ҳунармандон, истеъдоди баланди коргардон дар сатҳи баланд ва барои тамошобинон фаромушношуданӣ буд». Ёдрас мешавем, ки Фестивали байналмилалии «Золотой лев-2010» («Шери тиллоӣ») аз 1-ум то 7-уми октябри соли равон дар шаҳри Ливови Украина 10-умин бор баргузор гардид, ки дар он театрҳои кишварҳои Молдова, Полша, Венгрия, Австрия, Русия, Шотландия, ИМА, Украина ва Тоҷикистон бо намоишномаҳои беҳтарини худ иштирок карданд. Бояд гуфт ки Фестивали "Золотой Лев" соли 1990 таъсис ёфта, он дар ду сол як маротиба чун фестивали театрҳои беҳтарин гузаронида мешавад. Имсол дар ин фестивал зиёда аз 30 намоишнома пешкаши тамошобинон гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Октябрь 18, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад