ШИРКАТҲОИ СУҒУРТАВӢ КАМҲАВСАЛААНД Ё …

Октябрь 15, 2010 09:43

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино  ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ – августи соли 2010  ширкатҳои суғуртавӣ ҳамагӣ 500 ҳазор шартнома имзо намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 фоиз кам аст. Аз шартномаҳои имзошуда 72,9 фоизаш   суғуртаи ихтиёрӣ буда  27,1 фоизаш суғуртаи ҳатмӣ мебошад.             То 1-уми октябри соли 2010 дар ҷумҳурӣ 16 ширкати суғуртавии иҷозатномадошта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 –тояш ширкати давлатӣ буда, 14 –тояш ширкатҳои ғайридавлатӣ мебошанд.             Аз рӯи ҷамъбасти пешакии оморӣ,  маблағи барномавии ширкатҳои суғуртавӣ 24 млн. 788 ҳазору 800 сомониро ташкил мекунад, ки хеле ночиз аст. Он чиз боиси нигаронӣ аст, ки аз 5 млн. аҳолии қобили меҳнат   то имрӯз 1 млн. нафар ҳам суғуртаи ихтиёрӣ нашудаанд. Дар бораи суғуртаи амволи шахсӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳама ин гувоҳи он аст, ки ё мардум ба аҳамияти суғуртаи ихтиёрӣ сарфаҳм намераванд ё ширкатҳо дар кори тарғиби суғурта ниҳоят  камҳавсалаанд.  

Октябрь 15, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад