ТАҒЙИРИ ЛИМИТИ МОШИНҲОИ ХИЗМАТӢ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр) — Масъалаи ҷамъбасти иҷрои буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 9-моҳи соли 2010 ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи чоруми 2010 дар нишасти матбуотии Вазорати молияи ҶТ муҳокима гардид. Зимни нишаст, ҳамчунин, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ, «Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои ҶТ, идораҳои зертобеи он, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (ғайр аз мошинҳои махсус), лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ташкили муассисаҳои воҳиди давлатии «Маркази дастгирии амалиёти молиявии буҷавӣ» ва ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии «Тиллои тоҷик» тӯли 9 моҳи соли 2010 мавриди баррасӣ қарор гирифт». Оид ба масъалаҳои рӯзнома, бо назардошти камбудиву пешниҳод қарорҳои мувофиқ қабул гардид. Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмидинов ба кормандони масъули соҳаи Вазорати молияи ҶТ супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла таъмини саривақтии буҷаи давлатиро дар семоҳаи чоруми соли 2010 талаб намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






