ТАҲЛИЛИ АМИҚИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 20, 2010 08:50

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 19 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2010 баргузор гардид, ки дар он Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар оғоз вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар давоми нӯҳ моҳи соли 2010 маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар ин давра босуръат инкишоф ёфта, рушди босуботи соҳаҳои он, устувории макроиқтисодӣ, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Консепсия ва самтҳои асосии фаъолияти баъдибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар соли 2010 ба амал омадааст, таъмин гардида истодааст. Дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 6,2 фоизро ташкил намудааст, ки ин ба нишондиҳандаи давраҳои пешазбӯҳронӣ наздик шуда истодааст. Ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи нархҳои ҷорӣ 17012,6 млн. сомонӣ ва индекс-дефлятори он 110,9 фоизро ташкил дод. Ба мӯътадил гардидани рушди иқтисодиёти кишвар бештар фаъолтар гардидани кори бахшҳои реалии иқтисодиёт, хусусан саноат, кишоварзӣ, сохтмони асосӣ, гардиши савдои чакана ва хизматрасониҳои пулакӣ таъсири мусбии худро расонидаанд. Ғайр аз ин, дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ нисбати соли гузашта зиёд гардидааст. Сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра чунин мебошад: истеҳсоли молҳо 40,1 фоиз, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,4 нуқтаи фоизӣ, андозҳо мутаносибан 10,8 фоиз ва 0,1 нуқтаи фоизӣ зиёд гардидааст. Ҳаҷми хизматрасониҳо мутаносибан 49,1 фоизро ташкил намуда, 1,0 нуқтаи фоизӣ коҳиш ёфтааст. Суръати афзоиши реалии бахшҳои воқеии иқтисодиёт дар ин давра бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст гардиданд: саноат ба 10,6 фоиз, кишоварзӣ – 7,1 фоиз, сохтмон – 1,0 фоиз, гардиши моли чакана 11,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз. Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ муътадил ҷараён дошта, суръати афзоиши миёнамоҳонаи он 0,46 фоиз ва дар нӯҳ моҳ 6,7 фоизро ташкил дод. Тибқи суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо гардиши савдои хориҷӣ дар нӯҳ моҳи соли 2010 маблағи 2634,2 млн.долл. ИМА, аз он ҷумла содирот 813,3 млн.долл. ИМА ва воридот 1820,9 млн.долл. ИМА-ро ташкил додааст. Ҳиссаи содирот дар муомилоти савдои хориҷӣ дар нӯҳ моҳи соли 2010 андозаи 30,9 фоизро ташкил дод ва вазни хоси он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд гардида, индекси афзоиш ба 1,1 баробар мебошад. Дар сохтори содирот ҳиссаи алюминийи аввалия – 67,3 фоиз, нахи пахта –11,8 фоиз, меваҳо ва чормағз –2,9 фоизро ташкил намуданд. Ҳиссаи воридот дар муомилоти савдои хориҷӣ дар ин давра 69,1 фоизро ташкил дода, дар вазни хос нисбати соли гузашта 2,8 фоиз (тавозуни содирот) кам гардид. Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ – 16,4 фоиз, гилхок –11,9фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ – 11,3 фоиз, дегҳо ва таҷҳизот – 7,3 фоиз, металлҳои сиёҳ –5,4фоиз, чӯб ва маҳсулот аз он –2,1 фоиз, равғани растанию чорво- 2,9 фоиз, орд – 3,4фоиз ва гандум – 2,5фоизро ташкил намуданд. Ф.Ҳамралиев ҳамчунин вобаста ба ҷонноккунии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақим барои рушди минтақаҳо ва масоили дигари вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ибрози назар намуд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарону намояндагони дигар вазорату идораҳо ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ суханронӣ намуда, оид ба фаъолияташон дар ин давра маълумот доданд. Дар интиҳои ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов баромад карда, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва фаъолияти вазорату идораҳои марбутаро дар ин самт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, Сарвазири ҷумҳурӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо супориш дод, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияташон тадбирҳои муассир андешида, натиҷаҳои соли ҷориро бо нишондиҳандаҳои баланду назаррас ҷамъбаст намоянд.  

Октябрь 20, 2010 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд