ТАҶДИДИ ЗЕРИСТГОҲҲОИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ
Суғд, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нерӯи барқ ба 43 ҳазор оила ва зиёда аз 1100 корхонаву муассисаҳо таввасути 15 зеристгоҳи 6-35 ва 100 киловатта, 700 зеристгоҳи трансформаторӣ ва 1855 километр хатҳои интиқоли барқи 6,10 ва 0,4 киловатта расонида мешавад. Тибқи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар иншооти интиқоли барқи ноҳия корҳои таъмиру тармим ва азнавсозӣ асосан анҷом ёфтаанд. Дар ҷамоати деҳоти Ғозиён ва Ёва бино ба афзудани талабот ба нерӯи барқ ва таъмини шиддатнокии мувофиқи меъёр трансформаторҳои 160 киловатта ба 260 ва 100 киловатта иваз карда шуданд. Дар ҳудуди ноҳия 20 адад симчӯбҳои оҳану бетонӣ шинонида, дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, Унчӣ ва Қистакӯз хатҳои интиқоли барқ нав карда шуданд. Ширкати «Барқи Тоҷик» шабакаҳоро бо маблағ, маводу қисмҳои эҳтиётӣ, равғану сӯзишворӣ таъмин намуд. Инчунин, мутобиқ будани талафоти нерӯи барқ ба меъёрҳои технологӣ, гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ аз омодагии шабакаҳои интиқоли барқи ноҳия дарак медиҳад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






