ТАБИБОНИ ТОҶИК ДАР 32 КИШВАРИ ДУНЁ ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД
Душанбе , 12 октябр . (АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин ) . — Дирӯз нишасти матбуотӣ бо иштироки ректори Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов ва дигар роҳбарони ДДТТ баргузор гардид . Убайдулло Қурбонов дар назди рӯзноманигорони тоҷик доир ба фаъолияти кори нӯҳмоҳа ҳисобот пешниҳод намуда , зикр намуд , ки ДДТТ ягона Донишгоҳи тиб дар ҷумҳурӣ буда , ҳамчунин , аз рӯи ҳаҷми корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни дигар муасcисаҳои таълимии кишвар пешсаф мебошад . Зимни нишаст зикр гардид, ки Донишгоҳ зиёда аз 32,5 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаро тайёр намудааст , ки онҳо ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар 32 мамлакати дунё фаъолият доранд . Кормандони ДДТТ аввали соли 2010 дар самти таълиму тарбия , тадқиқоти илмӣ як қатор корҳои муҳимро ба сомон расонида , ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






