ТАЪМИНИ МАЪЮБОН БО АРОБАЧАҲО
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, дар нӯҳ моҳи соли 2010 аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии тобеи Агентӣ ба 19560 нафар аз рӯи ҳамаи самтҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида шуд. Аз ҷумла, бо шароити статсионарӣ 1468 нафар, бо шароити хона 5124 нафар, бо аробачаҳои маъюбӣ 702 нафар, бо протезҳои пою даст, пойафзолҳои ортопедӣ ва асобағалҳо 5599 нафар таъмин гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин давра хизматрасонии иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фаро гирифташуда ба маротиб афзудааст, ки ин далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба хизматҳои иҷтимоии давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, дар давоми нӯҳ моҳи соли 2010 Агентӣ бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ тибқи нақша 840 оилаи муҳоҷирони дохилӣ, 497 оила аз мавзеи зериобмонии НБО «Роғун» ва аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок бошад, 145 оила ба мавзеи нави зист кӯчонида шудаанд. Дар ин муддат ба ин муҳоҷирони кӯчонидашуда дар маҷмӯъ 2682000 сомонӣ қарзи имтиёзнок ва 126600 сомонӣ кӯмаки яквақта пардохта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






