ТАЪСИСИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКИИ МОСКВА ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид. Мутобиқи ин Фармон маблағгузории фаъолияти филиали Донишкадаи энергетики Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Донишкадаи энергетики Москва (Донишгоҳи техникӣ), инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқӯқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда мешаванд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаззаф шудааст, ки дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси филиали Донишкадаи энергетики Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






