ТОҶИКИСТОН БА ВАҚТИ «ЗИМИСТОНА» МЕГУЗАРАД?
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мутобиқи моддаи 6 Аҳднома «Дар бораи ҳамкорӣ бобати таъмини ягонагии андозаи вақт ва басомад», ки онро давлатҳои аъзои ИДМ 9 октябри соли 1992 дар шаҳри Бишкек имзо карда буданд, як қатор кишварҳои аъзо 31 октябри соли 2010 соати 3 00-и вақти Маскав ба вақти «зимистона» мегузаранд ва ақрабаки соат 1 (як) соат ақиб бурда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба вақти «зимистона» намегузарад, аз ин рӯ дар қаламрави ҷумҳурӣ ақрабаки соат ақиб бурда намешавад. Ҳамин тавр, аз соати 3. 00 31 октябри соли 2010 тафовути вақт бо Маскав ду соатро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ гирифтем.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






