ТОҶИКИСТОН УЗВИ ГУРӮҲИ 77 ВА ХИТОЙ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 28 сентябри 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Гурӯҳи 77 ва Хитой пайваст. Қарор дар ин бора дар Иҷлосияи солонаи Вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Хитой, ки дар Ню-Йорк дар чаҳорчӯби иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, қабул гардид. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Хитой суханронӣ намуда, ба кишварҳои аъзои Гурӯҳ барои дастгирии номзадӣ ва қабули кишвари мо аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд. Гурӯҳи 77 ва Хитой калонтарин созмони байниҳукуматии кишварҳои тараққикунанда дар СММ мебошад. Гурӯҳи 77 ва Хитой ба кишварҳои Ҷануб воситаҳои изҳор ва ташвиқ намудани манфиатҳои дастҷамъонаи иқтисодии онҳоро фароҳам меорад, зарфияти муштараки музокиротии он кишварҳоро дар мавриди тамоми масъалаҳои асосии байналмилалии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби системаи СММ тақвият мебахшад ва ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб ҷиҳати рушд мусоидат мекунад. Гурӯҳи 77 ва Хитой 15 июни 1964 аз ҷониби 77 кишвари тараққикунанда таъсис ёфта буд. Бо пайвастани Тоҷикистон ба Гурӯҳ миқдори давлатҳои аъзои он ба 131 кишвар расид. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Яман раёсати Гурӯҳи 77 ва Хитойро дар СММ ба ӯҳда дорад. Дар ин бора аз департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба хабрнигори АМИТ "Ховар" хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






