ТО НОЯБР БА ХОНАҲОИ НАВ МЕКӮЧАНД

Октябрь 7, 2010 09:28

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фақат чанд хонаи нотамом мондааст, ки то моҳи ноябр сохта ба соҳибонашон супорида мешаванд,-иттилоъ доданд аз маркази матбуоти раиси шаҳри Кӯлоб ба мухбири АМИТ «Ховар».  Дар ҳолате, ки сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳраки навбунёд барои зарардидагони маҳаллаи  Чармгарони шаҳри Кӯлоб аз офати табиӣ идома дорад, ҳафтаи гузашта аз ҷониби давлати Ҳиндустон тавассути намояндагони дипломатии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ 200 ҳазор доллар барои зарардидагони шаҳри Кӯлоб супорида шуд.  Ба иттилои ҳамин манбаъ, моҳи ноябр охирин оилаҳои зарардидаи маҳаллаи Чармгарон бо хонаҳои нави замонавӣ, ки бо тамоми асбобу анҷоми рӯзгор ҷиҳозонида мешаванд, таъмин хоҳанд шуд.  

Октябрь 7, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад