«ТОТО» ДАР «ДИДОР»
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Беш аз 10 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Литва, Фаронса, Шветсария, Амрико, Нидерландия дар чорумин ҷашнвораи синамои «Дидор» иштирок менамоянд. Ин чорабинии фарҳангӣ аз 12 то 16 октябри соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори ҷашнвора Сафар Ҳақдодов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки ҳадафи баргузории ҷашнвора таблиғи синамои асил буда, он аз соли 2004 инҷониб доир мешавад. Нахустин маротиба ҷашнвораи «Дидор» бо ибтикори коргардони шинохтаи эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф ва ҳунармандони тоҷик бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ гузаронида шуда буд. Сафар Ҳақдодов, афзуд, ки синамогарони тоҷик дар ҷашнвораи «Дидор» филми пурраметражи коргардонҳо Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатова «Бигузор ин ҳама дар хоб бошад» ва филми коргардони дигари тоҷик Искандар Усмонов «Тото»-ро ба намоиш мегузоранд. Дар маҷмӯъ, дар ҷашнвора 60 филм ба намоиш гузошта мешавад.Ҷашнвораи синамои «Дидор» бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Дидор» ва Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон гузаронида мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






