ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ
Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маркази назорати давлатии санитарӣ -эпидемиологии ноҳияи Ҳисор ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ин давра беш аз 50 санҷиши муштарак гузаронида, бархе аз камбудию мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро ошкор ва бартараф сохт. Санҷишҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаи ҳифзи муҳити зист, раёсати байторӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳот дар маҳаллаю деҳаҳо, кӯчаю бозорҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор, Деҳқонобод, Навобод, Хонақоҳ, Қарамқул оиди пешгирӣ аз ифлосшавии соҳилҳои дарёю ҷӯйборҳо, баровардани партовҳо ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ санҷишҳо гузаронида, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд. Алҳол, аз ҷониби маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологии ноҳия санҷиши ҳолати тозагии дӯкону бозорҳо, ошхонаю марказҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои коммуналӣ, мактабҳо ва нуқтаҳои тиббӣ идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






