ВАҚТЕ КИ 65 ФОИЗИ ТЕХНИКА КОРШОЯМ АСТ

Октябрь 6, 2010 09:01

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Маълумоти оморӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ  нишон дод, ки 65 фоизи техникаи кишоварзӣ дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.    То 1 –уми сентябри соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ 13 ҳазору 885 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд аст, ки аз он ҳамагӣ 9 ҳазору 12 ададашон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд, ки ин   65 фоизи  умумии тракторҳои коршоямро дар 32 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ ташкил медиҳад.    Бояд тазаккур дод, ки ин омодагӣ аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ дар як қисми ноҳияҳо  боз ҳам камтар аст. Аз ҷумла  дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 62 фоиз, ноҳияҳои Нуробод – 17, Варзоб – 43, Турсунзода – 48, Файзобод – 49, Шаҳринав- 53, Ҷиргатол – 61 ва дар Ваҳдат низ 61 фоиз омодагии техникӣ ба ҳисоб гирифта шудааст ва ин мазмуни онро дорад, ки дар чунин ҳолат қарор доштани техника кишти тирамоҳӣ дар ҳеҷ сурат ҳам 100 фоиз анҷом дода нахоҳад шуд. Аз ин рӯ барои лоақал 80 – 85 фоиз омода кардани техника барои корҳои тирамоҳӣ ҳанӯз вақт ҳаст, фақат ташаббус ва амал даркор.

Октябрь 6, 2010 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад