ВАЗИРОНУ РАИСОН ҲИСОБОТ МЕДИҲАНД
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 октябр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи ошкорои парлумонӣ оид ба ҷамъбасти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 баргузор мегардад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар муҳокимаи парлумонӣ роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ва блоки иқтисодии кишвар даъват шудаанд. Дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ масъалаҳои самаранок истифода шудани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, саривақт пардохтани маош, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо, инчунин, ҷараёни иҷрои санади асосии молиявии ҷумҳурӣ аз ҷониби сохторҳои андоз ва гумруки кишвар баррасӣ мешаванд. Муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагони мамлакат тӯли чанд соли охир ба ҳукми анъана даромадааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






