ВЕБСАЙТИ НАВ ДАР АГЕНТИИ ОМОР
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Дар Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ дар давраи ҳисоботӣ ташрифи коршиносони Консортсиум дар се бахш амалӣ гардид. Ҳамагӣ 26 мутахассиси хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва инчунин, 43 корманди Агентии омор ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси омории худ ба давлатҳои хориҷи кишвар сафар намуданд. Қобили зикр аст, ки вебсайти корхонаи мазкур ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ба наздикӣ дар Интернет ҷой дода мешавад. Аз тарафи коршиносони консортсиум омӯзиши навбатӣ гузаронида шуд, ки нашрияи якуми электронӣ дар компакт-диск (CD) оид ба мавзӯи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» чоп мешавад. Намунаи нишондиҳандаҳо бо се забон омода шуда, намоиши чоп ва вебсайти нав дар моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, ки дар намоиш иштироки намояндагони ташкилтҳои байналхалқӣ, вазорату идораҳо ва матбуот дар назар аст. Дар ин бора Бахтия Муҳаммадиева-директори Агентии омори назди Президенти ҶТ зимни нишаст ба хабарнигорони ВАО хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






