ВОХӮРИИ Э.РАҲМОН БО ВАЗИРИ НАФТ ВА ЗАХИРАҲОИ ТАБИИ ПОКИСТОН
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рўзи, 1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нафт ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навид Қамарро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Аз мўҳтавои ҳамкории солҳои ахир ва пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Нақшаҳои муштараки минтақавӣ оид ба бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи КАСА 1000 ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар маҳаки асосии ҳамкории бунёдии минбаъдаи Тоҷикистону Покистон маънидод гардид. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






