ВОЛЕЙБОЛ ДАР МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ КӮЛОБ

Октябрь 11, 2010 16:06

Кӯлоб, 11  октябр (АМИТ ”Ховар”, Сулаймон Холов).- Бахшида ба ҷашни 20 солагии Истиқлолияти ҶТ ва 63-солагии корманди шоистаи варзиш Маҳмадалӣ Назаров дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 9 дастаи варзишгарони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи Кӯлоб-1, Кӯлоб-2, деҳаҳои Калот, Чапаев, ноҳияҳои  Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Данғара ва Восеъ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҷойи аввал ба дастаи Кӯлоб-1, ҷойи дуюм ба тими Кӯлоб-2 ва ҷойи сеюм ба командаи Мӯъминобод сазовор дониста шуд. Ғолибони мусобиқа аз тарафи бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуда, Мирзо Таваров, раиси ҷамъияти «Ҳосилот»-и ноҳияи Мӯъминобод беҳтарин бозингар дониста шуд.

Октябрь 11, 2010 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад