ВУРУДИ 6339 АРИЗА БА ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат тавассути меҳнати босамар нисбат ба соли 2009 натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда шуд. Дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ се иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир шудааст, ки дар он масъалаҳои муҳим оид ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми шаҳру ноҳияи Ваҳдат ҳаллу фасл гардиданд. Дар ин муддат сатҳи корҳои ташкилӣ дар ҷамоатҳои деҳот рӯ ба беҳбудӣ оварда, зиндагии мардум аз ҷиҳати моддӣ беҳтар гардид. Дар баробари ҳамаи ин, арзу шикоятҳо дар давоми 9 моҳ низ кам набуд. Ба шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳр аз ҷониби сокинони ноҳия 6339 ариза дохил гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 1485 адад зиёд аст. Аз ҳисоби аризаҳои ба дастгоҳи раиси шаҳр воридшуда 2515 – тои он аризаҳои дархостӣ, 54 аризаи шикоятӣ, 2279 ариза оид ба манзил, 672 ариза оид ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оид ба вобаста намудани заминҳои иншоот 819 ариза дохил гардидааст, ки аксари зиёдашон бо роҳи мусбӣ ҳаллу фасл шуданд,- иброз дошт муовини аввали раиси шаҳр Қиёмиддин Абдуллоев зимни баргузории конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






