ВУРУДИ ВОЯ БАР ЗИДДИ ГЕПАТИТИ «В»

Октябрь 18, 2010 11:54

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- 17 октябри соли 2010 Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA), дар доираи Лоиҳаи кӯмаки техникии Ҳукумати Ҷопон ба Маркази профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 77000 воя бар зидди гепатити В барои татбиқу васеъ намудани Барномаи эмкунӣ дар ҶТ оварданд.  Лоиҳаи мазкури кӯмаки техникии Ҳукумати  Ҷопон барои беҳ гардидани фаъолияти Вазорати тандурустии ҶТ дар соҳаи ҳифзи саломатии модару  кӯдак, коҳиш додани беморӣ ва фавти модару кӯдак дар ҶТ равона шудааст.             Бояд зикр намуд, ки кӯмаки JICA ҳарсола буда, аз соли 2002 инҷониб ба воситаи UNICEF дар Тоҷикистон чор намуди воя барои дастгирию васеъ намудани Барномаи эмкунӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Инҳо воя бар зидди бемории сил (БЦЖ), гулӯзиндонак, шахшавӣ ва сулфаи кабудак (АКДС), фалаҷ (ОПВ), ҳамчунин, воя бар зидди гепатити В мебошанд. Давомнокии эмкунии даври сеюми лоиҳаи мазкур 5 сол идома меёбад ва буҷаи солонаи он ба 40 млн. йени ҷопонӣ (муодили 400  ҳазор доллари ИМА) баробар аст.

Октябрь 18, 2010 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад