ВУСЪАТИ СОХТМОНҲОИ НАҚШАВӢ

Октябрь 15, 2010 11:56

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тавре аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,   дар нӯҳ моҳи соли равон инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 2 миллиарду 545 миллиону 300 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки ин  нисбат  ба   ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 260 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ  ба маблағи 1 миллиарду 49 миллиону 300 ҳазор сомонӣ инвеститсияҳои сармояи асосӣ, аз ҷумла 510 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ ва аз ҷониби  худи корхонаю ташкилот ва қарзҳои хориҷӣ ба маблағи 539 миллиону 100 ҳазор сомонӣ азхуд  шудаанд. Ҳамчунин, дар ин муддат ба масоҳати умумии 512 ҳазору 100 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки  ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 ҳазору 200 метри мураббаъ зиёд  мебошад. Дар ин давра аз ҷониби  Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби таҳсилоти умумӣ барои 8174 ҷойи нишаст,  беморхонаи дорои  44 кат ва дармонгоҳ дорои  151 ҷойи қабул дар як баст ба истифода дода шуд. Бояд  гуфт, ки дар давраи нӯҳ моҳи соли 2010 кормандони Агентӣ барои гузаронидани чорабиниҳои замистонгузаронии солҳои 2010-2011 ба маблағи 92674,0  сомонӣ корҳоро ба анҷом расонидаанд.    

Октябрь 15, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад