ЗАБОН – БАҚОИ ДАВЛАТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бахшида ба таҷлили иди забон дар Кохи фарҳангии ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо барандаи ҷоизаи ИЖТ, муовини аввали директори Муассисаи давлатии ТВ «Баҳористон», узви Иттифоқи Нависандагони ҶТ ва Иттифоқи журналистони ҶТ Садриддин Ҳасанзода ва узви Итифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Нозир Ёдгорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Валиев ва зиёиён, хонандагони омӯзишгоҳ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия ширкат варзиданд. Сӯҳбат ва саволу ҷавоби ҳозирин дар атрофи бурду бохти забони давлатӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва азму талоши Сарвари давлат аз пойдории забони тоҷикӣ, вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ ва коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия сурат гирифт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






