ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ КОФИСТ

Октябрь 29, 2010 11:41

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-  Роҳбарони муассисаю ташкилот ва мактабҳои ноҳияи Рашт барои давраи тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Бо мақсади харидани сӯзишворӣ барои муассисаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қариб 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ барои ташкилоту муассиса ва мактабҳо 558 метри мукааб ҳезум ва 240 тонна ангишт харид шуда, захира гаштааст. Ғайр аз ин ба таври илова чандин генератори барқӣ низ омодаи коранд. Тавре аз шӯъбаи маорифи ноҳия хабар доданд, мактабҳо пурра бо ангишту ҳезум таъминанд. То ин муддат мактабҳои деҳоти дурдаст, бунгоҳҳои тиббӣ ва омӯзишгоҳи омӯзгорӣ низ ба зимистони дар пеш истода омода гаштаанд. Бояд таъкид намуд, ки омодагии ҳамаҷонибаи мактабҳо ба зимистон ба пешрафти таълиму тарбияи толибилмон мусоидат менамояд.

Октябрь 29, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад