ЗАМИНЛАРЗА ДАР РАШТ
Душанбе, 8 октябр. ( АМИТ «Ховар», Адибаи Азиз).- Рӯзи 7 октябр соати 06. 42 дақиқаи субҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба вуқӯъ омад. Маркази заминларза дар самти шимолу шарқи Душанбе дар наздикии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, қувваи он дар марказаш 4,5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-3,5 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.