ЗИКРИ ХАЙР, ЗИНДА КУНАД НОМРО
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Имрўз дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими видоъ бо Ҳунарпешаи халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони маъруфи тоҷик, дорандаи орденҳои «Ленин», «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва «Нишони фахрӣ» Ҳанифа Мавлонова баргузор шуд. Дар маросими видоъ ҳайати намояндагони сатҳи ҳукуматӣ, ҳунармандон, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандону наздикони марҳума ширкат варзида, дар бораи хидматҳои ҳунарманд ба миллати тоҷик суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Вазири фарҳанги ҶТ – Мирзошоҳрух Асрорӣ, директори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ – Холаҳмад Маҷидов, директори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон- Аслиддин Низомов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – Оят Сабзаалиева ва дигарон зимни суханронии хеш қайд карданд, ки ӯ давоми фаъолияти худ осори гаронбаҳое барои таърих ва насли оянда боқӣ гузоштааст ва номи некаш ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо нахоҳад рафт. Бояд гуфт пас аз маросими видоъ марҳума дар қабристони Сари осиёи шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарханги ҷумҳурӣ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






